Аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки санаи 4-уми августи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ин мард дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола, аз ҳиссиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Гуфта мешавад, баъдан, бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон мекунад. Сипас ресмонро бурида, ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 104 (одамкушӣ) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Ҷавоби Фиръавн"
Омодагӣ ба мавсими зимистон. Рустами Эмомалӣ ба зердастонаш боз чӣ супоришҳо дод?
Боздошти муовини роҳбари диаспораи тоҷикон дар Иркутск ба гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Gruner Stucky ба таҳияи заминаи техникиву иқтисодии НБО “Чарсем” дар ВМКБ оғоз мекунад
Оғози равуои аввалин маршруткаҳои барқӣ дар Душанбе
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста