Субҳи барвақти рӯзи 11 август вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ кард.
Бино ба иттилои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст.
Гуфта мешавад, ҳамсари вазир Қаландарова А., писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Сӯфишоева ва дигар аъзои оилаааш, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд.
“Айни ҳол, Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад”, - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Қобили зикр аст, ки Худоёр Худоёрзода аз соли 2017 ба ҳайси вазири нақлиёти Тоҷикистон фаъолият дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.