Вазорати корҳои дохилии Тоҷикстон фарзияи лату кӯби Раҳматилло Зоиров раиси Ҳизби состсиал-демократи Тоҷикистонро бепоя медонад. Дар торнамои ин вазорат зери унвони “Ахбори махсус” натиҷаи тафтиши ВКД бар пояи изҳороти Раҳматилло Зоиров нашр шудааст, ки дар он бархе шоҳидон гуфтаанд, ки Зоировро касе назадааст ва ӯро сагаш ба дохили ҷӯйбор афтондааст.
Аммо Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ки ин фарзияи ВКД-ро қабул надорад ва ӯ дар воқеъ мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифтааст.
Раҳматилло Зоиров 24-уми сентябр дар саҳфаи фейсбукаш навишта буд, ки ӯ ҳангоми сайру гашти бегоҳи рӯзӣ дар наздии маҳали зисташ аз сӯйи афроди ношинос мавриди бо ашёи оҳанине лату кӯб шуд ва чанд муддат дар замин беҳуш хобид, ки ба баъди ҳуш омадан афроди ҳамлаварро ба ёд овардан натавонист.
ВКД мегӯяд, ки Зоиров аз ин ҳодиса ба ҳеч ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ шикоят набурдааст ва РВКД душанбе муштаракан бо ШВКД-1 ноҳияи Сино бар асоси изҳороти вай ӯро ташхиси додгоҳӣ-тиббӣ гузаронидаанд. Ба навиштаи ВКД натиҷаи санҷишҳо маълум кардааст, ки ҷароҳатҳои бадани Зоиров ба саломатияш зарар нарасонидаанд ва “дар сари ӯ ягон осеби ҷароҳат ёфт нашуд”.
Раиси ҲСДТ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” далели ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мароҷиат накарданашро “эътимод надоштан ба ҳеч ниҳоде” марбут медонад ва мегӯяд, ки "баъди ҳодиса, вақте ба хона омадам, ба хотири саломатиям 14 соат аз ҷояя нахестам".
Дар матлабе, ки ВКД нашр кардааст шаҳрванд Қобилҷон Давлатхоҷаев, ки ба гуфтаи ин ниҳод ҳамсояи Зоиров мебошад, гуфтааст, ки “санаи 22 сентябри соли 2020 бегоҳирӯзӣ ҳамсояаш Зойиров Р.Ҳ.-ро вохӯрд, ки номбурда бо сагаш сайругашт менамуд. Дар ин маврид саг Зойиров Р.Ҳ.-ро ба як тараф кашид ва дар натиҷа номбурда ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтид”. Дар ин матлаб ҳамчунин омадааст, ки “Давлатхоҷаев Қ.С. изҳор намуд, ки Зойиров Р.Ҳ. пас аз афтидан ба ҷуйбор ҷароҳат бардошт ва худаш аз ҷуйбор бархест. Ӯро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст, зеро дар гирду атрофи ҷойи ҳодиса ба ғайр аз онҳо ягон шахси дигар ҳузур надоштааст”.
Аммо Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ки Давлатхоҷаев лаҳзаи латукӯбу шудани ӯро надидааст: “ман вақте ба ҳуш омада ба хона бармегаштам, ҳамсояам аз ман пурсид, ки чӣ шуд, ман худам гуфтам, ки афтидам, шарм доштам”.
Дар матлаби ВКД ҳамчунин аз қавли ҳамсари Зоиров Мавзуна Каримова гуфта мешавад, ки вақте ҳамсараш ба хона баргаштаасту либосҳояш лойолуд будаанд, пурсидааст, ки чӣ шуд, ӯ ҷавоб додааст, ки ба ҷӯйбор афтидам.
Аммо худи Зоиров мегӯяд, ки вақте ӯ ба хона бармегашт ҳамсараш бо чанд ҳамсоя дар назди хона буд. “Вақте пурсид дар назди ҳамсояҳо шарм дошта, гуфтам, ки афтидам”,- гуфт раиси ҲСДТ.
ВКД дар ин матлабаш хулоса кардааст, ки “дар вақти санҷиши ҳаматарафа, ваҷҳҳои овардаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. тасдиқи худро наёфт, зеро бегоҳирӯзӣ ҳанӯз торикӣ фаро нарасида, гирду атрофи ҷойи ҳодиса равшан буд”.
ВКД ҳамчунин менависад, ки ШВКД-1 ноҳияи Сино санҷиши пешакиро дар ин замин то ҳанӯз идома дода истодааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Муҳаммад Алимаҳмадзода: Нерӯи барқ гарон шуд – нерӯдиҳии электромобилҳо низ гарон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2025
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста