Сокини ноболиғи ноҳия Сангвор дар шарқи Тоҷикистон ҳангоми истихроҷи худсаронаи ангишт ҳалок шуд. Ҳодиса рӯзи 27 октябр рух дод.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, се нафар бародарон (соли таваллудашон 1989, 1990 ва 2003-юм), сокинони деҳаи Дараи Хайрони ҷамоати деҳоти Сангвор бо мақсади худсарона кандани ангишт дар кони “Заки-шулхи” воқеъ дар наздикии деҳаи Саркорони ҷамоати деҳоти Сангвор ба кор оғоз мекунанд.

“Ҳангоми кор бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ онҳо зери сангреза мемонанд, ки дар натиҷа навраси 16-сола ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, кормандони шуъбаи Кумита дар ноҳияи Сангвор ва намояндагони ШВКД дар ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади наврасро аз зери сангҳо берун ва ба пайвандонаш супурдаанд.

Дар ин робита Кумита аз волидони ноболиғон даъват мекунад, ки фарзандонашонро аз дучор шудан ба ҳодисаҳои ногувор эмин нигоҳ дошта, ҳаёти онҳоро зери хавфу хатар нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.