Қазияи қочоқи 90 кг тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баҳсҳои наве ба худ мегирад. Аз ҷумла Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам ахиран гуфт, ки аз 4‑уми сентябр то 14‑уми ноябри соли гузашта дар 36 маврид 1200 кило тилло ва 112 миллион долларро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Иморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд.
Дар ин қазия баҳсҳо ва суолҳои беҷавоб зиёданд:
Саволи аввал ин аст, ки воридоти ин ҳама тиллову доллару арзҳои хориҷие, ки гуфта мешавад ба Тоҷикистон расмӣ бу ё қочоқӣ?
Дувум агар қочоқ буд, чаро 6 мавриди дигаре, ки гуфта мешавад тиллову долларҳои ҳангуфтар вориду шуда буд, ошкору пешгирӣ нашуд?
Сеюм, ин ин бор аз Афғонистон қочоқ буд ё дар дохили Тоҷикистон қазияи он ба қочоқ печид?
Ва саволи асосии муҳим, дар Тоҷикистон дар пушти ин коре, ки содаву муқаррарӣ нест, кӣ аст? Нафари одист ё радаҳои боло?
Расмӣ буд ё қочоқ?
Аммо сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Муҳаммадиев мегӯяд, ки ин тиллову маблағҳо (аз ҷумла мавриди охирин) ба Тоҷикистон расмӣ ворид шуда буданд.
Зафар Муҳамадиев дар нишасти матбуотии 11-уми феврал дар ин маврид ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” вобаста ба қазияи 90 кг тиллову 15 миллион доллар чунин посух дод.
“Ин чизҳо буд ва ин гуна борҳо тариқи Узбакистон низ гузашта мерафт. Вай овард (шахси масъули ҷониби Афғонистон - АП) дар сарҳад қайд кард, кормандони мо ба расмияти гумрукӣ дароварданд. Мушоият (ҳайати ҳамроҳикунандаи ин ниҳод - АП)-и мо аз инҷо гирифт ба фурудгоҳи Душанбе бурда супорид. Аз фурудгоҳи Душанбе бояд ба Дубай мепарид”.
Зафар Муҳаммадиев мегӯяд, ки дар ин росто ягон кори хилоф набуд ва онҳо тибқи талаботи лозими расмиёти гумрукии ин миқдори ҳангуфти тиллову долларо сабти ном кардаанд.
“Инҷо (дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён - АП) ягон чӣ набуд, хайр, мо намедонем, онҷо (Дар Душанбе - АП) мумкин ягон маълумоти дигар дошта бошанд. Ҳозирам тафтишот рафта истодааст”.
Афғонистон чӣ мегӯяд?
Телевизиони “1”-и Афғонистон мавриди ахир (90 кг тиллову 15 млн доллар)-ро қочоқӣ медонад ва бо такя ба як манбааш дар ниҳодҳои қудратии кишвари худ, мегӯяд, ки онҳо марбут ба Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини якуми Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и ин кишваранд.
Давлати расмии Афғонистон дар ин бора то кунун расман изҳори назар накардааст. Додситонии кулии Афғонистон аз ин қазия изҳори бехабарӣ кардааст. Вазорати корҳои дохилӣ ба телевизиони “1” гуфтааст, ки ба таҳқиқи қазия акнун пардохтааст.
Вале як манбаъ аз Утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон бидуни зикри номаш ба яке аз хабарнигорони маҳаллӣ дар Кобул гуфтааст, ки онҳо дар як нома ба Сафорати Афғонистон дар Тоҷикисон вазоҳат додаанд, ки берун бурдани ин миқдор тилло ва доллар аз Афғонистон расмӣ сурат гирифта, қочоқ набудааст.
Вале дар ин авохир истеъфои рӯзи 1-уми марти Муҳаммад Фарид Ҳамид додситони кулли Афғонистонро бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба қазии берун бурдани тиллову долларҳо аз Афғонистон рабт додаанд. Аммо дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки истеъфои додситони кулл ба “масоили шахсӣ ва хонаводагияш” марбут буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон чӣ мегӯяд?
Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баҳс танҳо бар сари 90 кг тиллову 15 млн доллар нест. Ин манбаъ гуфтааст, ҳарчанд ҳоло ба додгоҳ танҳо парванди пешгирӣ аз қочоқи 90 кг тиллову 15 млн доллар ворид шудааст, аммо дар моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон 1 тоннаву 20 кг тилло ва 120 миллион доллар ба Дубай бурда шудааст.
Манбаъ дар Додогоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки “амалиёти боздошти ин гурӯҳ аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Нисбат ба кочоқи 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар нишондоди боздоштшудаҳо ҳаст, вале парванда аз рӯйи далели 90 кило тилло ва 15 миллион доллар баррасӣ мешавад. Ин ду мавриди алоҳида аст. Вобаста ба 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар таҳқиқ идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст".
Мақомоти Тоҷикистон расман чӣ мегӯянд?
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Додситони кулли Тоҷикистон, ки ин парвандаро пеш мебарад то кунун расман ин қазияро барои расонаҳо ва ҷоме ашрҳ надодаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид то кунун се бор изҳори назар кардаанд. Яке гузориши Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба раиси Рустами Эмомалӣ Маҷлиси миллӣ, ки аз боздошти 15 млн доллару 90 кг тилло хабар дода буд.
“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”, - гуфта буд Юсуф Раҳмон. Додситон маблағи умумиро зиёда аз 10 миллион доллар гуфта буд.
Мавриди дувум изҳороти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод буд, ки гуфт се корманди онҳо низ боздошт шудааст.
Сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳмонзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “қочоқбарон як миқдор тиллову асъорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, мехостанд минбаъд ба Дубай баранд”.
Чаро қазия пинҳону махфист?
Аммо мақомоти Тоҷикистон танҳо дар мавриди қазияи охир гап заданд, дар мавриди 1 тоннаву 200 кг тилову 120 млн доллар то кунун чизе нагуфтаанд.
Мақомот ба далели халал нарасидан ба раванди тафтишот аз посух ба суолҳо худдорӣ мекунанд.
Сару садоҳо ҳаст, ки дар Тоҷикистон дар пушти ин қазия чеҳраҳои саршиносе ҳастанд, вале расман барои ҷомеа чизе гуфта намешавад.
Вале сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон дар ҳамон нишасти хабарӣ ин корро як амри муқаррарии гумрукӣ номида буд.
“Моҳи ноябр буд, тилло буд онҷо, вай мегузашт мерафт, аз давлати транзитӣ мисол мегузашту ба давлати сеюм мерафт. Вай (тиллову долларҳо) меояд дар сарҳад ҳуҷҷат пешниҳод мекунад, ҳамаш дар системаи мо ҳаст. Системаи мо як системае ҳаст, ки соати 2-и шаб ворид кардӣ агар, ҳатто бо сонияааш сабт мешавад. Онро ҳеҷ кас аз система тоза карда наметавонад. Сад фоиз ҳуҷҷат дошт”.
Зафар Муҳаммадиев бо нигаронӣ гуфта буд, ки “онҷо (дар Душанбе-АП) шояд ягон маълумоти дигаро тафтиш карда истода бошанд, се чор моҳ инҷониб тафтишот идома дорад. Ин чизҳо мерафт, онҳо декларатсия доранд, декларатсия пешниҳод карданд. Вақте сарҳадро даромаданд тафтиш карданд, дар китобҳои мо қайд карданд, дар система монда ворид карданд. Аз ин ҷо меравад. Системаи мо ин хеласт, ки вақте, ки аз ин тарафи сарҳад ворид шуду мо онро дар система ворид кардем, онро ҳеҷ кас тоза карда наметавонад. То аз сарҳади Тоҷикистон берун наравад, аз система гум намешавад. Ан ин аз инҷо даромад мушоияти мо гирифта мебарадаш дар фурудгоҳи Душанбе месупорад. Вақте, ки багумруки Душанбе месупорад, мушоияти Душанбе мегиранд ба расмият медароранд”.
Муҳаммадиев мегӯяд, ҳатто аз Додситонии кул омада санҷиданд, “ҳамааш бо ҳуҷҷат дуруст буд”.
Худи Катавозай чӣ гуфт? Ӯ рафт ё дар Тоҷикистон боқӣ монд?
Дар чанд рӯз пеше, ки ин қазияро телевизиони “1”-и Афғонистон дар ин кишвар расонаӣ карду онро ба Мирзо Катавозай марбут донист, худи Катавозай дар Тоҷикистон дар ҳайати ҳамроҳ бо раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, қарор дошт.
Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигорони тоҷик дар Сафорати Афғонситон дар Душанбе гуфт, ки ин ҳама як овоза аст ва ӯ ҳеч рабте ба ин тиллову долларҳо надорад. Ӯ ба суолҳои хабарнигори Тоҷикистон чунин посух дод:
-Баъзе аз расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки 90 кг тилло ва 15 млн доллар ба шумо тааллуқ дорад, дар ин бора чӣ назар доред?
-Ин гуна чиз вуҷуд надорад!
-Яъне шумо ин ҳамаро беасос медонед?
-Ин гуна чиз ҳеҷ вуҷуд надорад, ман як сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир!
-Ба гуфтаи бархеҳо сафари шумо ба Тоҷикистон ба хотири ҳалли ин масъала аст?
-Беасос аст!
-Оё шумо ин хабарро аз расонаҳо хондед?
-Ҳамаагӣ хато аст, овоза аст!
Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки Катавозай бо ҳайати тими порлумонӣ ба Афғонистон барнагштааст ва дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Дар Афғонистон боқӣ мондани ӯро ба тахту ҳамвор кардани қазияи пурсарусадои ахир рабт медиҳанд. Аммо ин то куҷо воқеият дорад, ҳанӯз маълум нест.
Сару садоҳо чӣ мегӯянд?
Телевизиони “1”-и Афғонистон дар дар нашри хабарии шоми 27-уми феврали худ бо такя ба манобеи худаш дар ниҳодҳои амниятиву интизомии Афғонистон ин миқдор тилло ва долларро ба муовини якуми Маҷлиси намояндагони Афғонистон Муҳаммад Мирзо Катавозай нисбат дода ва гуфта буд, ки "Маҷлиси сано (Маҷлиси миллӣ)-и Тоҷикистон дар як гузориши маҳрамона ба мақомҳои ин кишвар аз ин моҷаро парда бардоштааст".
Зоҳиран ин ишораи Телевизиони "1"-и Афғонистон ба гузориши Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст.
Ин расонаи Афғонистон ҳамчунин гуфта буд, ки ин узви маҷлис барои расонаӣ нашудани ин мавзуъ талошҳои пайвастае доштааст. Аз ҷумла, расона аз як мулоқоти ба назари онҳо машкуки Катавозай бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ дар ин гузориш гуфта буд.
Дар он гузориш бо нашри аксе аз як мулоқоти Катавозай бо Саъдӣ Шарифӣ гуфта мешавад, ки "шояд ин дидори ӯ бо сафири Тоҷикистон дар меҳвари ҳамин мавзуъ буда бошад. Дар ин дидор коргузории парчамҳои ду кишвар ҳам ғайримаъмул ба назар мерасад".
Дар акси ин дидор, ки Телевизиони "1" нашр кардааст, дида мешавад, ки парчамҳои Тоҷикистону Афғонистон бар хилофи урфи дипломатӣ дар ду тарафи Катавозай ҷогузорӣ шудаанд, на дар пеши ҳар кадоме аз мақомҳои ҳар ду давлат.
Ба гуфтаи Телевизиони "1" Катавозай пеш "талош карда буд дар таркиби ҳайати давлатӣ ба Тоҷикистон сафар ва ин мавзӯъро яктарафа кунад, ки мақомҳо ба рафтан ӯ дар ин сафар мувофиқат накардаанд".
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳайтаи раҳбарӣ ва аъзои дигари Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ин моҷарои ҳамқатарошан огаҳӣ доранд, вале нахостанд, ки ҳамагонӣ шавад.
Ин таъйиди хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҳолест, ки бори нахуст дар ин маврид 26 ноябри соли гузашта "Бомдод" хабар дода буд. Ин манбаъ он замон гуфта буд, ки ин гуруҳи қочоқбарро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт кардааст, ки дар миёни онҳо фарзандони раиси пешини кони тиллои Шугнов низ будаанд.
Телевизиони "1" дар ин гузориши худ ҳамчунин ба вуҷуди як шабакаи қочоқбаре, ишора мекунад, ки аз тариқи Покистону Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон риёлҳои қочоқии Арабистону Саудиро ворид мекунанд, ки аз ин ҷойҳо ба Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қочоқ мешаванд.
"Зоҳиран дастҳои пинҳони зиёде пушти ин парванда вуҷуд дорад: аз пулис гирифта то мақомҳои маҳаллӣ ва марзӣ",- омадааст дар ин гузориш.
Ин расонаи Афғонистон мегӯяд, ки давлати Афғонистон аз ин парвандае бо ин бузургӣ хабар доштааст, вале онро пинҳон нигоҳ доштааст.
Ин расона мегӯяд, ки ҳарчанд наздикони оқои Катавозай масъалаи қочоқи пули калонро ба Тоҷикистон рад мекунанд, аммо манбаъҳое ба он гуфтаанд, ки ин шабака танҳо ба қочоқи тилло ва доллар басанда накардаанд.
"Инҳо бастаҳои пулии риёли Саудиро дар ҷойҳои вижжаи мутарҳои борбарӣ ҷобаҷо ва бо санадҳои тақаллубӣ ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қочоқ мекунанд".
Ҳоло саволе, ки пеши мақомоти Тоҷикистон ҳаст, ин аст, ки оё онҳо ба ҷомеа ин қазияро шарҳ медиҳанд? Ва ин кор як иштибоҳ аст ё ин қочоқу диду ситадҳои пинҳонӣ як кори тавофуқӣ аст?
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста