Дар кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканти вилояти Хатлон рӯзи 12 апрел ҷасади духтари 16-сола, сокини ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон дарёфт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, имдодгарон ҷасадро аз баландии 1500 метр бо як роҳи дурударози пиёдарав, ки бештар аз 5 километр буд, поин оварданд ва ба намояндагони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант супурданд.
Зикр мегардад, ки сабаби марги духтари 16-сола маълум набуда, ду фарзияи он - куштор ё худкушӣ баррасӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.