Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 24 апрел дар қаламрави ноҳияи Дӯстӣ рух дод, 12 нафар осеб дида, 2 нафарашон дар беморхона ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавққулодаи ҷумҳурӣ, дар ин садама як мошини тамғаи “Хундай-Старекс” ташти идораи сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ  ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва ҳамзамон оташ гирифтааст.

“Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён  равона буда, дар деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама шуд. Мусофирони ин мошин ҷавонони 17-19-сола ва ҷумлагӣ сокинони шаҳри Душанбе будаанд”, - омадааст дар маълумоти Кумита. - Ду нафар дар бемористон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд”.

Дар ҳамин ҳол, дар хабари Кумита дар бораи бо кадом мақсад ба ноҳияи Қубодиён сафар доштани мусофирон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии ин 10 нафари аз садама осебдида, ки дар Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ бистарӣ гардидаанд, шинос шуд.

1/4

Тавре дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, аснои шиносоӣ бо вазъи саломатии захмишудагон, ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорат барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон вазъи сиҳатии ҷароҳатбардоштагони садамаи нақлиётии мазкур муътадил мебошад.

Инчунин зикр мегардад, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо  зери назорати бевоситаи вазири тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.