ВКД аз ҷузъиёти таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи “Испечак-2”-и пойтахт хабар дод.
“Бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 1 майи соли 2021 тахминан соати 18-30 дақиқа дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.
Гуфта мешавад, оташ майдони зиёда аз 90 метри мураббаъ бо 60 тонна захираи маводҳои сӯзишвориро фаро гирифта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.