Имрӯз ҷасади духтарчаи хурдсол Руфейда Иноятова, ки дирӯз бедарак шуда буд, дарёфт гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як хеши ӯ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, духтарча нимаи дуюми дирӯз бедарак шуда, имрӯз ҷасадаш пайдо шуд. Ӯ илова намуд, ки онҳо аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар надошта, милитсия ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

“Танҳо ҳаминро медонем, ки ӯро каме дуртар аз хона куштаанд... Руфайда баъди чанд рӯз 8-сола мешуд”, - изҳор дошт зан.

Навиштаро дар бораи гум шудани духтарча холаи ӯ Саида Иноятова нашр кард. Зикр шуда буд, ки Руфайда дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва аз манзил ба ҳоҷатхона баромада (дар кӯча воқеъ аст) дигар бедарак шудааст.


Мувофиқи ин навишта, дар паҳлӯи хона роҳи Душанбе – Шарорамегузарад.

Имрӯз Саида Иноятова дар саҳифаи худ навишт, ки духтарчаро мурда дарёфт кардаанд.

“Дар ҳаққаш дуо кунед. Ба бародараму ҳамсараш, бибӣ ва хоҳаронаш сабри ҷамил металабам. Ба ҳамаи касоне, ки худро канор нагирифтанд, изҳори миннатдорӣ мекунам! Барои дастгириву дуоҳоятон!”, - навиштааст ӯ.

То замони нашри хабар ба “Азия-Плюс” муссар нагардид, ки аз шуъбаи милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ дар ин хусус маълумот дастрас намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.