Бегоҳии 7-уми июл ҷасади беҷони чаҳор навраси 15-соларо аз дарёи Сир берун кашидаанд. Наврасони ғарқшуда хонандаи мактаби № 60 шаҳри Истарвшан будаанд ки ҳангоми оббозӣ дар мавзеи “Боғи Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғарқ шудаанд.
Ҷасади ин наврасонаро соати 07.00 субҳи 8-уми июл, дар зодгоҳашон деҳаи Янгиқишлоқи Истаравшан ба хок супурдаанд.
Бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд ҳодисаи нахустин, тақрибан соати 15:00 бегоҳии 7-уми июл рух дода, ҷаҳор навраси ғарқшуда ҳама ҳамсинф, хонандагони синфи 9-и мактаби рақами 60-и ҷамоати Ниҷонии шаҳри Истаравшан будаанд.
Шаҳзода Бутаева, сухангӯйи ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт наврасон дар мавзее аз дарёи Сир оббозӣ кардаанд, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шудааст. Ӯ гуфт шахсияти ҷасадҳо маълум аст, вале далели аз Истаравшан ба Хуҷанд омадан ва ҳамроҳ бо кӣ барои шиноварӣ рафтанашон маълум нест.
“Ин наврасони фавтида Хидиров Лазизбек Ойбекович, Каромқулов Бахтиёр Ҷамолиддинович, Мамадисоев Аслбек Илбекович, Каримов Садриддин Сувонович мебошанд. Ҷасадҳоро барои санҷиш ба мақомоти милиса бурданд ва сабабу омилҳои ғарқшавии наврасон аз ҷониби додситонӣ таҳқиқ мешавад”.
Дар ҳамин ҳол як наҷотдиҳандаи ин ситод, ки замони берун кашидани ҷасадҳо аз дарёи Сир иштирок кардааст мегӯяд, то ҷойе, ки аз суҳбати кормандони додситонӣ фаҳмидааст, ки ин 4 макттабхон ҳамроҳ чанд омӯзгори мактаб аз Истаравшан ба Хуҷанд омадаанд.
“Дар ҷойи ҳодиса додситони шаҳри Хуҷанд, кормандони милиса буданд ва омӯзгорону дигар нафаронро бозпурсӣ карданд ва ҷасадҳоро гирифта рафтанд”.
Як корманди бахши маорифи Истаравшан бидуни зикри ном гуфт, хонандагон ҳамроҳи директори мактаб ва боз се омӯзгор ба Хуҷанд рафта буданд. Ӯ гуфт ба эҳтимоли зиёд онҳо барои саёҳат ба Хуҷанд омадаанд ва дар дарёи Сир ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.
“Худи директори мактаб, баъди ҳодиса дар ҳолати (беҳушӣ) кома дар яке аз беморхонаҳои Хуҷанд бистарӣ шудааст. Дар умум чанд нафар ва бо кадом сабаб рафтаанд ҳоло ба мо низ норӯшан аст, то ҷойе фаҳмидем эҳтимол барои сайругашт рафта бошанд”,-гуфт манбаъ
Дар Раёсати маорифи шаҳри Итаравшан, субҳи 8-уми июл бо таъйиди ин ҳодиса ба “Азия-Плюс”, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Аммо Сулҳиддин Иномбоев, муовини сардори ин раёсат дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “маълумоти мушаххас дар даст надоранд, аз бегоҳии дирӯз телефонҳои директори мактабу дигар шахсони масъул хомӯш аст, эҳтимол дар бозпурсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд”.
Зимнан, шоми рӯзи 7-уми июл ва баъди тахмин 5 соати ғарқшавии чаҳор наврас аз Истаравшан, дар мавзеъи “Боғи Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, боз ҷасади як ҷавони 24-сола аз дарёи Сир берун оварда шудааст. Аз ӯ Шоҳрух Юлдошов, сокини ҷамоати шаҳраки Чорухдарони шаҳри Гулистон ном мебаранд, ки тахминан соати 19:30 зимни шиноварӣ ғарқ шуда будааст.
Дар шаш моҳи имсол дар кӯлу дарёҳои вилояти Суғд бино ба омори охирони ғарқшавӣ ҷасади 14 нафар пайдо шудааст. Ин дар ҳоле, ки дар соли 2020 ин рақам ҳамагӣ баробар ба 7 нафар буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста