Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор се нафар наврасон - сокинони пойтахтро боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, онҳо бар асоси аризаи сокини 59-солаи маҳаллӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯйи далели куштори набераи ӯ дастгир шудаанд.
Дар ариза зикр шудааст, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби ин нафарон, наврас ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
“Боздоштшудагон рӯзи 24 июл дар қаламрави маҳаллаи 64-уми пойтахт бидуни ягон сабабе сокини 15-солаи Душанберо то марг лату кӯб кардаанд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.
Гуфта мешавад, гумонбаршудагони боздоштшу да ҳамагӣ 13, 14 ва 15-солаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.