Ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Меҳриддин Абдуалимзодаи 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Восеъ дар қаламрави шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Тоҳир Абуллоеви 16-соларо бо автомашина пахш кардааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа ноболиғ бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, худи ҳаминрӯз ронандаи автомашинаи “Тико” Орифҷон Қамаров, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Бохтар - Панҷи Поён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Билолҷон Абдусамадзодаи 7-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалок шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.