Дар роҳи мошингарди Хуҷанд - Мастчоҳ, дар мавзеи шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарибиҳои шоми рӯзи душанбе бар асари садамаи нақлиёт чор нафар узви як оила ҳалок шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, автомашинаи тамғаи “ВАЗ-Жигули” зери идораи сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ бо автомашинаи тамғаи “BMW” таҳти идораи сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи садамаи нақлиёт ронанда ва се мусофири “Жигули” дар ҷойи ҳодмиса ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаашон узви як хонаводаанд”, - таъкид месозад Кумита.
Ба иттилои манбаъ, имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун оварда, барои ташхис ба сохторҳои дахлдор супурданд.
“Ронанда ва мусофири мошини тамғаи «BMW» бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол дода шуданд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаи марговарро таҳқиқ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.