Фарҳод Раззоқов, бостоншиноси ҷавони тоҷик ва мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бар пайя як сдамақи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Ин ҳодиса, дирӯз, 30-юми январ иттифоқ афтодааст. Маросими ҷанозаи ӯ, имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар як хабарнома ин садамаи нақлиётиро хеле мудҳиш ёд карда, гуфтааст, ки ҳангоми ҳаракат дар қисмати километи 78-уми роҳи Аёнӣ-Панҷакент, ҳангоми ҳаракат аз маркази Панҷакент ба самти ноҳияи Айнӣ мошини «Mercedes-Benz» ба чуқурии 300 метр сарозер шудааст.
Фарҳод Раззоқов, фарзанди бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдурауф Раззоқов буд, ки дар кишварҳои Олмону Русия омӯзиш дида буд.
Ӯ номзади илмҳои таърих буд, ки рисолаи номзадияшро чанд сол пеш дар Санкт-Петербурги Русия дифоъ карда буд. Раззоқов яке аз бостоншиноси маъруфи кишвар дар доираҳои илмии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар эътироф мешуд.
Фарҳод Роззоқов 8 моҳ дар Бритониё қарор дошт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба Тоҷикистон баргашта буд ва бо нияти дидани хонавода ва фарзандонаш ба Панҷакент сафар дошт, ки дар роҳ дучори садама шуд.
Бархе аз ҳамтоёнаш саҳми ин донишманди ҷавонро дар ковишҳову ҳафриёти бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм назаррас арзёбӣ мекунанд.
Хуршед Фозилов, хабарнигори маҳаллӣ дар Фейсбук навиштааст, ки "мудири пойгоҳи бостоншиносии Саразм Норинисо Худоёрова, марги нобаҳангоми Фарҳод Раззоқовро як талафоти бузург дар илми бостоншиносӣ арзёбӣ кард".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста