Дар ноҳияи Шаҳритус, баъди ду ҳафтаи даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат, имрӯз ҷасади як мутахассиси Кумитаи идораи замини ин ноҳияро овехта пайдо кардаанд.
Як манбаъ аз ин ноҳия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҷасади Фирӯз Ҳурматов, мутахассиси идораи замини ниҳояро, имрӯз, баъд аз зуҳр дар хонаи иҷорааш дар маркази ноҳия пайдо кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир сабабу далеҳои ин ҳодиса маълум нест. Мақомоти қудратии Шаҳритус то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд. Манбаъи мо аз Ҳурматов мутахассиси ҷавон ном бурд, вале гуфт, ки бо ӯ ошно набудааст ва дар бораи ӯ чизи бисёре намедонад.
Пайдо шудани ҷасади ин мутахассиси ҷавон дар ҳолест, ки 11-уми феврал дар ин ноҳия раиси ҷамоати ба номи Ҷӯра Назаров, Хушқадам Нодиров даст ба худкушӣ зада буд.
Ҷаббори Ғафор раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш, рӯзи 15-феврали соли 2022, сабаби даст ба худкушӣ задани ин раиси ҷамоатро мушкилоти хонаводагӣ номида буд.
Ҷасади ин раиси ҷамоатро субҳи 11-уми феврал овехта пайдо карда буданд.
"Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкуши заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дасхат навиштааст ва дар дасхат низ гуфтааст, сабаби худкушӣ карданаш мушкили оилавияш мебошад",-гуфта буд раиси ноҳия.
Ин суханони раиси нощия дар дар ҳоле буд, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешуд марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз яке аз филиалҳои бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будааст.
Аммо раиси ноҳия гуфт, инҳо овоза ҳастанд ва асос надоранд. Раиси гуфт, ки ӯ дар кораш мушкиле надошт.
Даст ба худкушӣ задани раиси ҷамоат дар ҳоле буд, ки як манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки як рӯз пеш аз ҳодиса бо роҳбарии худи ин раиси ҷамоат дар масъалаи даст ба худкушӣ задан, пешгириҳо аз ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳамоише бо ҳузури бо мардум гузаронда шуда буд. Худи Хушқадам Нодиров низ дар ин ҳамоиш суханронӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми феврали соли 2022, ҷасади раиси ҷамоат Хушқадам Нодиров дар манзили зисташ овехта пайдо карданд.
Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор карда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
“Беҳтарин ҳамсар”. Дар Тоҷикистон боз як озмун баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ситоди рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ таъсис ёфт
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста