Як сокини шаҳри Душанбе бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ин мард дар ҳолати мастӣ духтарро таҷовуз карда, баъд ба қатл расонида, дар байни рахти кӯрпаҳо пинҳон кардааст. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар додааст.
Дар хабарномаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки рӯзи 9 марти соли равон, дар манзили истиқоматии як сокини кучаи Қаҳҳоров 149, ҷасади дар хун оғуштаи як духтари ноболиғи 14 - сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.
Ду рӯз пештар, истиқоматкунандагони ин бино ба “Азия - Плюс” муроҷиат карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки рӯзи 10 марти соли равон дар ҳамсоягии онҳо ҷасади як духтари 14 - соларо дар миёни рахти курпаҳо дарёфт кардаанд.
Ба иттилои онҳо, чанд рӯз пеш аз ин, соҳибхона як усторо барои таъмири хонааш даъват карда, калидро ба ӯ додаанд.
- Соҳибхона дар он хона зиндагӣ намекард. Баъди он ки таъмир тамом мешавад, соҳибхона ва ҳамсояҳо дар ин хона бӯйи бадро ҳис мекунанд. Соҳибхона мехоҳад гилемро барои шустушӯй барад, вақте сандуқашро мебардорад, дар дохили курпаҳои болои сандуқ, ҷасади духатар, ки дар “одеяло” печонида шуда буд, меғалтад,- гуфта буд, хонандаи “Азия – Плюс”.
ВКД мегӯяд, гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят, шаҳрванди 40 - сола Шерстов Владимир Илич, ки истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст, дастгир гардид.
Ин ниҳод, афзудааст, ки Владимир Илич ҷиноятро рӯзи 28 феврал содир карда, ҷасади духтарро 10 рӯз пас – 9 - уми март бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар байни кӯрпаҳо пайдо кардаанд.
- Пас аз истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ, гумонбаршуда духтари ноболиғи ин хонаро, ки дар ҳуҷраи дигар будааст таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯпуш намудани ҷинояташ духтарро буғи карда мекушад ва байни курпаву курпача пинҳон намуда, фирор мекунад, - гуфтааст ВКД.
Аз РВКД шаҳри Душанбе ба “Азия - Плюс” гуфтанд, ки марди гумонбар бо духтари ноболиғи кушташуда ва модари ӯ робита дошт ва онҳо бо ҳам дар кӯчаҳо зиндагӣ мекарданд.
- Ноболиғе, ки кушта шуд, бо духтари гумонбар дугона буданд. Ин мард бо модари ноболиғи кушташуда робита дошт ва бо ҳам дар як сарпаноҳ дар кӯча, мисли бесарпаноҳ (бомж) зиндагӣ мекарданд. Вақте соҳиби ин хона ӯро барои таъмири хонааш даъват мекунад, мард духтари ӯ (зан) – ро бо худ мегирад ва духтар дар ҳуҷраи дигар хоб мекард. Яъне духтари кушдашуда ба соҳибхона рабте надорад, - гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки нисбати боздоштшуда бо гумони одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Дар сурати тасдиқ гардидани гуноҳи гумонбар, ӯро аз 15 – 25 сол ё ҳабси абад таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир ҳодисаҳои пурсарусадои таҷовуз ва қатли ноболиғон дар кишвар зиёд садо медиҳад. Аз ҷумла, аввали моҳи июли соли 2021 сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятоваи 7-сола мавриди таҷовуз қарор гирифта, кушта шуд.
Рӯзи дигар ҷасади пурзахму пора-порашудаи ӯро дарёфтанд. Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, зикр шуд, ки ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.
Нисбати ин ҳодиса дар ҷомеа сарусадоҳои зиёд баланд шуд: намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост намуданд, ки ҷазо нисбати чунин шахсони ҷинояткор сангинтар карда шавад. Гумонбари ин ҳодиса, ки ҳамсояи Рафайда буд, бо қарори додгоҳ ба ҳукми абад маҳкум шуд.
Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон гумонбар ба таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросонро ба ҳукми абад маҳкум кард. Гуфта мешуд, ки 16 августи соли 2021 сокини 45-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон Рустам Болтахонов ба номуси духтари 9-солаи маҳаллӣ дастдарозӣ намуда, сипас барои пинҳон кардани изу аломатҳои ҷиноят кӯдакро буғӣ карда куштааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста