Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки аз 10 то 16-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
“Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддат ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарӣ андешанд, муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор, занбурӯғҳо, чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
“Ҳавои номусоид кор дар чарогоҳҳоро мушкил мекунад, дар ин рӯзҳо хеле бояд эҳтиёткор буд, - ҳушдор дода мешавад дар хабари Кумита. - Хуб мешуд чорвои хонагиро як муддат ба саҳро набаред”.
Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур буда, хуб мешуд дар ин лаҳзаҳо аз телефон ва таҷҳизоти барқӣ истифода нашавад.
“Ронандагони мошинҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ҳавои боронӣ мушкили дид дорад ва хуб мешуд суръати ҳаракатро боло набаранд ва масофаро риоя кунанд. Ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ шабона барои ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, низ маслиҳат нест”, - тавсия дода мешавад ба ронадагон.
Аз аҳолӣ инчунин дархост мешавад, ки қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза карда, телефонҳояшон бояд ҳамеша омода бошанд, то дар сурати пеш омадани ягон ҳолати фавқулода тавонанд бе мамониат занг зананд.
Дар вилояти Суғд имрӯз ҳавои абрнок, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона рӯзона 22-27 ва дар кӯҳҳо 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ обуҳавои абрнок, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 27-32 ва дар доманакӯҳҳо 29-24 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар ВМКБ ҳам ҳамин гуна обуҳавои пешбинӣ шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар шарқи вилоят то 18 дараҷа ва дар ғарби минтақа то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, ҳарорат рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.