Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми зиёни расида аз офати табиӣ дар Тоҷикистон 15 млн 583 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба сурати умум, дар ин давра 606 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз 36-тои он зарари назаррасӣ моддӣ расидааст.

“Имсол бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи фаромадани селу сангреза ва боз 4 нафар аз зарбаи шарораи раъду барқ ва фаромадани тарма ҳалок шуданд”, - иброз дошт раиси Кумита.

Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст (он замон 22 нафар ҳалок шуда буданд).

Дар ҳамин ҳол, зикр кард ӯ, шумори ҳодисаҳои офати табиӣ дар муқоиса бо соли гузашта зиёда аз ду баробар зиёд шудааст.

Раиси Кумита ҳамчунин иттилоъ дод, ки бар асари офатҳои табиӣ 88 хона, аз ҷумла 16-то онҳо пурра, 179 иншооти ёридиҳанда, 17 пул ва 297 километри роҳи мошингард осеб диданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.