Дмитрий Рогозин, собиқ муовини сарвазири Русия ва роҳбари собиқи идораи коиноти Русия (“Роскосмос”), ки бо баёнияҳои зидди муҳоҷиронаш маъруф аст, дар пайи тирпаронӣ дар меҳмонхонае дар Донетск захмӣ шудааст.
Дар ин бора хабаргузории “РИА новости” бо такя ба ёрдамчии Рогозин хабар дода гуфтааст, ки захм ба ҷони Рогозин хатаре надорад, вале як нафар дар ин ҳодиса ҷон бохтааст.
“Ҳамчунин, ҳароҳони ӯ низ захмӣ шудаанд”, - гуфтааст ёрдамчии Рогозин.
Дмитрий Рогозин, яке аз мансабдоронест, ки чанд маротиба бо изҳороти тунд бар зидди муҳоҷирон баромад кардааст. Аз ҷумла, замоне, ки ӯ муовини сарвазири Русия буд, барои аз назар гузаронидани қатораи Душанбе-Москва ба сарҳади Русия ва Қазоқистон ногаҳон пайдо шуд ва иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия тариқи нақлиёти роҳи оҳан шиносномаҳои дохилӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи баҳрнавардӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба марзбонони Русия пешкаш менамоянд.
Ин изҳорот боиси сару садои зиёд гардид ва ВКХ Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ, онро маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ номид, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст.
"Мисли қаҳрамони асараш даргузашт". Дар Душанбе бо Саттор Турсун видоъ карданд
Ба сарбози тоҷик, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар Исфара кушта шуд, “Ордени Шараф” доданд
Оғози конфронси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар Душанбе
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид кард
“Агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”. Аҳли адаб аз эҷод ва рӯзгори Саттор Турсун ёд карданд
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба онро баррасӣ карданд
Дар Қирғизистон аз табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шуд
БАТР роҳбари нави худро дар Тоҷикистон таъин кард
Лавров: “Тоҷикистон ба зудӣ манфиатҳои худро дар ИИАО муайян мекунад”
Саттор Турсунро дар Оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста