Дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 23 март соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Бино ба маълумоти пешакии Кумита бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази заминларза 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт, 30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ буда, маркази заминларза 6-7 километр шимол аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд воқеъ будааст.
Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5-6 балл, шаҳри Душанбе 3-4 балл, ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ 4-5 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва дар ВМКБ 2-3 баллро ташкил дод.
Зикр мегардад, ки тибқи маълумоти гирифташуда аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, км рӯзи 21 март, соати 21:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон ва бархе аз кишвраҳои дигар заминларзаи сахт рух дод. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Дар ҳамаи кишварҳое, ки таконҳо эҳсос шуд, мардум шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.
Таконҳои сахт дар Покистон, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос шуданд.
Дар Тоҷикистон заминларза дар саросари ҷумҳурӣ эҳсос шуда, дар ин бора сокинони Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Дарвоз, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо дар шабакаҳои иҷимоӣ хабар доданд. Бисёре аз сокинон бо тарси таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) манзилҳои худро тарк карда, муддати зиёд дар берун қарор доштанд.
Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 268-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар музофоти Қундузи Афғонистон ҷойгир будааст.
Ба иттилои зилзилашиносони тоҷик, қувваи заминларза дар умқи 195 километр воқеъ буда, дар марказаш 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5 баллро ташкил дод.