Рӯзи 23 март, тахминан соати 16:00 дар қаламрави деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант автомашинаи тамғаи “Мерсесдес Бенс” зери идораи шаҳрванди 27-сола бо сабабҳои номаълум ба канал (наҳр)-и ба номи Сталин сарозер рафта, ғарқ шуд.
Гурӯҳи навбатдорони наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти махсус мусофирзанро аз мошини паҷақшуда берун оварданд ва ба беморхонаи ноҳия интиқол доданд. Ронандаро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар ҷараёни амалиёти чандинсоата наҷотдиҳандагони Кумита бо ёрии таҷҳизот ва техникаи махсус мошинро аз об берун кашида, ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурданд.