Шахсияти марде, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе як ҷавонзанро лату кӯб ва маҷбуран ба автомашина савор мекард, муайян гардидааст. Ӯ Наимҷон Дадабоев аст. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Навори латукӯб ва иҷборан ба мошин савор кардани зан рӯзи 22-юми март дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост карданд, ки ҳодисаи мазкур санҷиш ва дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.
Милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 22-юми март рух дода, Наимҷон Дадабоев дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
“Дадабоев Наимҷон бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва таҷлили ҷашни Наврӯз зимни сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон номбурдаро зери лату куб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст”, - омдааст дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе айни замон гумонбаршаванда Наимҷон Дадабоев дар ҷустуҷӯ қарор дошта, оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша ва латукӯби ҳамсар дар хиёбонҳои шаҳр ҳодисаи нав набуда, дар гузашта низ борҳо рух додааст. Сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба чунин ҳолат вокуниши тунд нишон дода, аз мақомоти марбут дархости боздошти латукӯбкунандро мекунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста