Шабонарӯзи гузашта дар обанборҳои кишвар ҳалокати 3 ноболиғ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
“Рӯзи 23 апрел ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда сокинони 12, 13 ва 14-солаи ноҳияҳои Варзобу Ёвон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳалок шуданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҷасади навраси 14-солаи шаҳраки Бӯстон бо талоши кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳия дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ дарёфт ва хешовандонаш супурда шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасадҳои 2 навраси дигар аз ноҳияҳои Варзобу Ёвон аз ҷониби кормандони Кумита идома дорад.
Ғайр аз ин, дар Кумита зикр мекунанд, ки сарфи назар аз огаҳиҳои такрорӣ ҷиҳати эҳтиёкор будан ҳангоми дар мавзеъҳои кӯҳистон қарор доштан, на ҳамаи шаҳрвандон онро ба эътибор мегиранд, ки ба фоҷеаҳо меанҷомад.
Тавре ки дафтари матбуоти Кумита менависад, сокини 21-солаи деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ҳангоми истироҳат бо дӯстонаш дар мавзеи Чинордара аз баландӣ поин афтода, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.
Дар ин робита, КҲФ бори дигар хотиррасон менамояд, ки мавсими оббозӣ ҳоло оғоз нашудааст ва ба волидайн боисрор тавсия медиҳад, ки ба кӯдакон аз риояи қоидаҳои бехатарӣ ва оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда маълумот диҳанд.
“Кӯдаконро шиноварӣ омӯзед! Айни замон ҳарорати об дар обанборҳо ҳамагӣ 13-14 дараҷа гарм аст, ки барои саломатӣ хатарнок мебошад”, - зикр мешавад дар хабари Кумита.