Шабонарӯзи гузашта дар кишвар заминларза, садамаи нақлиётии марговар ва ғарқшавӣ дар обанборҳо ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз, 2-юми май, соати 15:31 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.
“Маркази заминларза дар 293-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 58-километрии ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5 балл ва дар Хоруғ 3 баллро ташкил додааст”, - менависад манбаъ.
Ҳамчунин, имрӯз, 3-юми май, низ дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар доданд аз Институти геофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон ба ОИ “Азия-Плюс”.
Заминларзаи ахир соати 14:51 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он дар 285-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар давлати Афғонистон воқеъ буд.
Шиддати зилзила дар маркази он 4 балл, дар Душанбе 2-3 баллро ташкил намуд.
Таъкид мешавад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон қурбонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Шахсияти дар садама ҳалокшудагон маълум гардид
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номи 6 қурбонии садамаи субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми май, тахминан соати 08:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунер”, таҳти идораи Хумай Каримови 34 солаи сокини Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.
Дар натиҷа, ронанда ва 5 нафар аз мусофиронаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Қурбониёни садама инҳо будаанд:
Каримов Хумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе,
Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ,
Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ,
Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим,
Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз,
Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз.
ВКД қайд мекунад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ғарқшавии ду ҷавон
Пас аз нисфирӯзии дирӯз, 2-юми май, наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади як кӯдаки 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хисрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро, ки рӯзи 30-юми апрел дар обанбор ғарқ шуда буд, се километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда ва ба кормандони милитсия супурдаанд.
Бино ба иттилои шуъбаи навбатии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, рӯзи 2-юми май ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳаҳои Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон ҷавони 14-солаи сокини чамоати деҳоти Даҳана ба канал афтода ғарқ шуд.
КҲФ хабар медиҳад, ки ҳоло ҷасади ин наврас пайдо нашудааст ва ҷустуҷӯи он идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 411 ҳолат ва ҳаводиси фавқулода (520 - ҳамин давраи соли 2022) ба қайд гирифта шудааст.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста