Дар ҳудуди вилояти Суғд дар натиҷаи се садамаи нақлиёти давоми ду рӯзи охир чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора, Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод.
Номбурда гуфт, садамаҳои маргбор рӯзҳои 9-10-уми июн дар роҳҳои Конибодом-Деҳмой, Душанбе–Чаноқ-Душанбе ва Хуҷанд –Ашт рух додааст.
Ба иттилои ӯ, дар садамаи якум марди 28 сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Opel Astra” ҳангоми ҳаракат дар роҳи Конидодом-Деҳмой марди 53- солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодомро пахш кардааст, ки дар натиҷа, мард дар беморхона ба ҳалокат расид.
“Ҳодисаи дуввум, соати 22:50-и шаби 9-уми июн рух дод ва як сокини 38-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар клометри 120-уми роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) ба дарёи Фон сарозер шудааст. Кофтукови ҷасади ронанда ва мусофирзани 57 сола идома дорад”-афзуд Акбар Шарифӣ.
Ба иттилои ӯ, ҳодисаи рӯзи 10-уми июн, дар роҳи Хуҷанд-Ашт ба қайд гирифта шуда, соати 15:00 як сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд ба садама дучор гардида, дар натиҷа дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Сабаби ҳодисаҳо аз уҳдаи идораи автомошина набаромадани ронандаҳо гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки садамаҳои маргбор дар ҳудуди кишвар, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ пайваста рух медиҳанд.
Аз ҷумла, дар соли 2022 дар ҳудуди кишвар дар натиҷаи 196 садамаи нақлиётӣ 416 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста