Масъулини “Обу корези Душанбе” мегӯянд, бо боридани боронҳои шадиди дирӯза дар шаҳри Душанбе фишори об паст шудааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки дар хонаҳояшон тамоман оби нӯшокӣ надоранд.

КВД “Обу корези Душанбе” бо нашри як иттилоия аҳолии пойтахтро аз паст шудани фишори об дар пайи боронгариҳои шаби гузашта  ва лойоба шудани канали Варзоб огоҳ кард.

Ин ниҳод афзуд, бо ин сабаб дар шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи  Сино то дарвозаи Ҳисор фишори об паст шудааст.

“Инчунин, дар кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов, Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис, қисмати поён- Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман, Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоби ноҳияи Сомонӣ, кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода, Нисор Муҳаммад, Чехова, кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, хиёбони Мирзо Турсунзода, Малика Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур фишори об паст мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Обу корези Душанбе менависад, ки ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида шудааст.

“Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем ба таҳлука наафтанд ва вазъро дуруст дарк намоянд”, - афзудааст манбаъ.

КВД "Обу корези Душанбе"

Дар ҳамин ҳол, сокинони пойтахт шикоят мекунанд, ки дар бархе маҳаллаҳои шаҳр аз дишаб инҷониб тамоман об нест.

Як сокини пойтахт бо нигаронӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода зиндагӣ мекунад ва айни замон дар хонааш тамоман об надорад.

“Дирӯз фишори об хеле паст шуда буд, вале аз субҳ инҷониб об тамоман қоқ шуд. Аллакай, чанд соат мешавад, ки мо об надорем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Давлатмурод Каримов, як сокини дигари пойтахт аз набудани об дар хонааш нигаронӣ карда, дар Фейсбук навиштааст, ки ба ҷустуҷӯи об баромадааст.

“Мисли ман аксари ҳамсояҳо низ дар хонаҳояшон оби захира надоранд. Зарфҳои плостикӣ дар даст ба ҷустуҷӯи об баромадам. Давру бари маҳалла ва ҳамсоямаҳаллаҳоро гаштам. Кӯшишам бенатиҷа анҷомид”, - афзудааст ӯ.

Ба мисли Давлатмурод даҳҳо нафари дигар сокинони пойтахт аз набудани об дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ кардаанд.

Саодат, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи хабари “Обу корези Душанбе” аз дишаб инҷониб набудани об дар хонааш шикоят карда, кай бартараф шудани ин мушкилро пурсидааст.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 27-уми август, дар аксар манотиқи Тоҷикистон боронҳои шадид борид, ки дар натиҷа хисороти моливу ҷонӣ дар пай дошт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлат субҳи имрӯз ба оилаҳои ҷонбохтагон ҳамдардӣ баён кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.