Дар натиҷаи боришоти шадиди борону сел дар ноҳияи Деваштич 48 сар чорвои калони шохдор, як симчӯби барқӣ, 4 нақлиёти сабукраву боркаш, 13 адад иншооти ёрирасон ва 8 километр роҳҳо хароб шудааст. Дар ин бора Олимхон Сафолов, сардори шӯъбаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, рӯзи 29-уми август гуфт, омадани сел соати 5-и субҳи рӯзи 27-уми август сабт шуд ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои таҳқиқи хисороти сел дар Деваштич коммисия таъсис дода шуда, зарари расида ҳисоб карда мешавад.
Чунин ҳодисаи табиӣ дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич санаи 13-уми июн рух дода, як қурбонӣ ва 660 ҳазор сомонӣ хисороти молӣ расонида буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 27 август фаромадани селу ярч дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор, инчунин ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Сангвор ва Тоҷикобод ба манзил ва дигар иншооти зерсохтори ин мавзеъҳо зарари ҷиддӣ расонид.
Дар натиҷа, 17 нафар ба ҳалокат расида, садҳо чорво нобуд ва даҳҳо килметр роҳ вайрону валангор гардид.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, соли ҷорӣ 472 офати табиӣ рух дода, дар натиҷа 30 нафар ба халокат расидаанд. Инчунин садҳо хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасону садҳо клометр роҳҳо зарар дидаанд.
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста