Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) аз баста шудани роҳи Душанбе - Чаноқ дар километри 119, дар минтақаи ноҳияи Айнӣ хабар додааст.
Ин ниҳод бо нашри хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 23-юми ноябр дар километри 119 роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар минтақаи ноҳияи Айнӣ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад ва ҳоло “дар қитъаи мазкур роҳ баста буда, корҳо барои бартараф кардани офтаи табиӣ идома дорад”.
Субҳи имрӯз, IRS, ширкате ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳубини роҳи мазкур аст, хабар дод, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт ба роҳ монда шуд.
Пас аз нашри хабари КҲФ аз маркази матбуотии ин ширкат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “роҳ боз аст ва танҳо дар ҳаракати нақлиёт маҳдудият ҷорӣ шудааст”.
Зимнан, КҲФ гуфтааст, ки дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Дарвоз - Хоруғ хатари яхбандӣ дар субҳу шом ва сангрезӣ боқӣ мондааст.
Ин ниҳод аз аҳолӣ хостааст, ки аз сафар ва рафтан ба минтақаҳои тармафуро худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
“Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки хангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъияти роҳҳо хабардор шуда, ҳангоми харакат дар минтақаҳои куҳӣ ва ё минтақаҳои хавфноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи байни нақлиётро қатъиян риоя кунанд”, - ҳушдор додааст КҲФ.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ба рақамҳои: 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шуд
ВАО: Дар Русия зиндониён аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба даст кашидан аз шаҳрвандӣ ва ба ҷанг рафтан маҷбур мекунанд
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста