Як оилаи пурраи зодагони Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон дар ноҳияи Оқсойи вилояти Ростов ҳалок шуданд. Ба сурати умум, 5 нафар осеб дида, 4 нафари онҳо ҳалок ва 1 зан дар беморхона бистарӣ шуд.
Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов хабар додааст, ки барои муайян кардани ҳолатҳои ҳодисаи фавти одамон тафтишотро оғоз кардааст.
“Ба шуъбаи тафтишоти вилояти Оқсой хабар расид, ки дар манзилҳои хусусии воқеъ дар ҷамъияти боғдории ҷамоати ноҳияи Оқсой ҷасади 4 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз гази карбон - соҳиби 66-солаи хона ва ҳамсари 65-солаи ӯ ва ду писарони 38 ва 39-солааш дарёфт шудаанд. Боз як зани дигар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуд”, - омадааст дар хабар.
Тибқи маълумоти пешакӣ, эҳтимол меравад, сабаби рух додани ҳодиса генератори барқ буда метавонад, ки бо бензин кор мекарду дар таҳхона гузошта шуда буд.
Нашрияи «Царьград/Ростов-на-Дону» бо истинод ба маълумоти пешакии муфаттишон хабар медиҳад, дар он шаби наҳс писарони калонсоли хонавода ҳамроҳи яке аз ҳамсарашон ба меҳмонии волидон омадаанд.
“Барои гарм шудани хона тасмим мегиранд, ки генератори барқро ба кор медароранд. Шояд аз кори нодурусти он гази карбон хориҷ шуда, хонаро фаро мегирад. Дар натиҷа 4 нафар ҳалок шуда, ба табибон муяссар мешавад, ки 1 занро наҷот дода, дар бемористон бистарӣ кунанд”, - иттилоъ медиҳад нашрия.
Дар бораи шахсияти қурбониёни ҳодисаи нохуш хабар дода намешавад, вале дар канал ва саҳифаҳои зодагони Исфара дар шабакаи интернет зикр мегардад, ки ин ҳодиса рӯзи 18 январ рух дода, ҷасадҳои ҳалокшудагонро рӯзи 21 январ ба ватан фиристодаанд. Гуфта мешавад, ҳалокшудагон Файёзиддин Савриддинови 66-сола аз ҷамоати Гулистони Исфара, ҳамсари 65-солаи ӯ Раъно Савриддинова, инчнин 2 писари онҳо - Ғуломҷон ва Ғуфронҷони 39 ва 38-сола мебошанд. Яке аз келинҳои хонавода дар бемористон бистарӣ шудааст.
Дар вилояти Саратов бошад, бар асари садамаи нақлиёти минивэн (микроавтобус) бо ду мошини боркаш дар роҳи федералӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд.
Тавре ки РИА Новости бо такя ба маълумоти хадамоти фаврӣ хабар медиҳад, рӯзи 20 январ дар ноҳияи Фёдорово дар наздикии деҳаи Мунино фура, минивэн Hyundai ва мошини боркаши «Газель» ба ҳамдигар бархӯрдаанд.
Дар натиҷа ронанда ва 2 мусофири минивэн ва боз 6 мусофири дигар осеб дидаанд. Бино ба маълумоти прокуратураи минтақа, ҳамаи шахсони дар минивэн ҳалокшуда шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Дар бораи ҳалокшудагон дигар маълумот зикр нашудааст.