Санаи 3-юми июни соли ҷорӣ сокинони сайёра шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора сомонаи Starwalknews хабар додааст.
Ҳусейн Асоев, ходими илмии Донишкадаи нуҷумшиносии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки ин ҳодисаро дар Тоҷикистон маъмулан замони тулуъи офтоб метавон мушоҳида кард.
“Дар як қатор саф кашидани 4 сайра - Муштарӣ, Уторид, Миррих ва Зуҳалро бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин мумкин аст. Инчунин, сайёраи Уранро, ки ба Уторид наздик аст ва Нептунро, ки ба Зуҳал наздик аст, тавассути дурбини астрономӣ дидан мумкин аст”, - гуфт Ҳусейн Асоев.
Ӯ таъкид кард, ки ин ҳодисаи маъмулии табиӣ аст ва онро аз ҳамаи кунҷи сайёраи Замин дидан мумкин аст.
Ин ҳодиса ба иқлим ва инсон таъсир мерасонад?
Таъсири ин падида ба инсон аз тарафи олимони соҳа ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Баъзе аз нуҷумшиносон иддао мекунанд, ки он ба ҷисму саломатии баъзе одамон метавонад таъсири манфӣ расонад.
“Аз ҷиҳати илмӣ ин ҳодиса ба фаъолияти Замин ва Офтоб таъсир мерасонад ва метавонад боиси тағйирёбии иқлим гардад. Агар ду сайёра аз ду тараф ё як тарафи Офтоб ҷойгир шаванд, дар ин ҳолат гармии Офтоб бештар шуда, имкони бориши боронҳои магнитӣ зиёд мегардад ва ин ҳолат ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад”,‑ гуфт Ҳусейн Асоев.
Сафкашии сайёраҳо чист?
Сафкашии сайёраҳо истилоҳи астрономӣ буда, маънои дар як қатор саф кашидани сайёраҳоро дорад. Ин падидаро ба таври ғайрирасмӣ “ҳамбастагии сайёраҳо” низ мегӯянд.
Сафкашии панҷ сайёра ё бештар аз он падидаи нодир ҳисобида мешавад.
Ба иттилои Starwalknews то охири соли оянда дар маҷмӯъ панҷ ҳолати сафкашии сайёраҳо дар назар аст:
- 3 июни соли 2024,
- 28 августи соли 2024,
- 18 январи соли 2025,
- 28 феврали 2025,
- 29 августи соли 2025.
Дар ин силсила сафкашии 28-уми феврали соли 2025‑ро камёб арзёбӣ мекунанд, ки зимни он ҳамаи ҳафт сайёраи дигар намоён хоҳанд шуд. Онро тавассути дурбини астрономӣ беҳтар тамошо кардан мумкин аст.
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста