Дар пайи садамаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, 5 сокини ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарии беморхона шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса 7-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:51-дақиқа, рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Худоёров Ҷамшид Қайнарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, дар дохили сойи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон афтидааст”, - навишт манбаъ.

ВКД таъкид кард, ки дар пайи ин ҳодиса мусофирони автомашинаи мазкур Худоёров Баҳодур Раҳматбоевич, соли таваллудаш 1968, Худоёрова Шаҳодат Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1970, Худоёрова Муспира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1974 ва Худоёрова Шоира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

“Худи ронанда Худоёров Ҷ.Қ. ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Сипас дар беморхона ноболиғ Худоёров Эҳрон Акмалович, соли таваллудаш 2014, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст”, - зикр мешавад дар хабар.

Ин ниҳод навиштааст, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Бояд гуфт, ин дуюмин садамаи пурқубонӣ давоми моҳи ҷорӣ аст. Пештар аз ин, рӯзи 2-юми июл, дар шоҳроҳи Айнӣ – Мачоҳи Кӯҳӣ бар асари садамаи нақлиёт 5 узви як оила – шану шавҳар ва се фарзанди ноболиғи онҳо ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.