Дишаб, соати 23:37 дар пайи садамаи киштии хурд ё заврақ дар Кӯли ҷавонони пойтахт як ҷавон дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки ин ҷавон ҳамроҳи 6 нафари дигар савори киштии хурди тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд ва ҳангоми гардиш киштӣ, ки суръаташ баланд буд, мувозинатро гум карду чаппагардон шуд.
Ин ниҳод гуфт, аз 7 нафар 6 ҷавонро кормандони тарабхонаи «Latina-Dushanbe», ки дар соҳили Кӯли ҷавонон аст, наҷот доданд, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе ба қаъри об рафт ва ғарқ шуд.
Шахсияти ҷавонон ошкор нашудааст.
КҲФ афзуд, барои корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодагрони навбатдори Раёсати ин кумитаи ба ҷойи ҳодиса рафта, соати 00:55 дақиқа ҷасади ҷавон пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Кӯли ҷавонон яке аз мавзеъҳои тафреҳии сокинони Душанбе аст ва сокинон ва меҳмонони пойтахт махсусан шомгоҳон дар ин мавзеъ тавассути киштиҳои хурди тафреҳӣ сайру гашт мекунанд. Рӯзона ҷавонон дар кӯл оббозӣ ҳам мекунанд.
Гоҳо оббозӣ дар ин мавзеъ ҳам ба фоҷеа меанҷомад. Ҳафтаи гузашта дар ин мавзеъ ҷасади як навраси 15-16-сола пайдо гардид, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯл ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста