Кормандони Нозироти давлатии БДА вилояти Маскав ҳолатҳои садамаи нақлиётро дар шаҳри Ступино, ки бар асари он 3 нафар кӯдакон осеб дидаанд, таҳқиқ мекунанд. Тибқи маълумоти расонаҳои Русия, 2 нафар аз кӯдакони оседида шаҳрвандони Тоҷикистон ва 1 нафар - шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд.
Ин ҳодисаи садамаи нақлиёт дар шаҳраки Михневои ҳавзаи шаҳрии Ступино рух додааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи 27-солаи автомашинаи сабукрави тамғаи “Омода” 3 нафар ноболиғи соли таваллудашон 2017, 2018 ва 2019-ро, ки роҳро на аз мавзеи барои пиёдагардон муқаррашуда, балки аз ҷойи манъшуда бидуни ҳамроҳии калонсолон мегузаштанд, бо мошинаш пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагрдони осебдида бо ҷароҳатҳои ҷиисмонӣ ба муассисаи тиббӣ бурда шуданд”, - гуфта мешавад дар хабари шабакаи Телеграмми Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав.
Муайян карда шудааст, ки ронандаи автомашина корманди яке аз воҳидҳои Сарнозироти БДА-и Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав буда, замони садама дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор надоштааст.
Тавре ки “Московский комсомолец” менависад, аз садама ду бародари 4 ва 7-сола - шаҳрвандони Тоҷикистон ва ноболиғи 5-сола - шаҳрванди Ӯзбекистон осеб дидаанд. Ҳамаи онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, волидони осебдидагон аз Тоҷикистон муҳоҷирон буда, падарашон бекор ва модарашон ба ҳайси хазинадр (кассир) кор мекардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели рух додани садамаи нақлиёт корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.