Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд баррасии парвандаи даъвоии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди (ҶСК) «Эсхата бонк» муқобили Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи (ҶСП) КМ «Кабоол Тоҷик текстайл» шурӯъ гардидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи иқтисодии вилоят хабар дода, зикр карданд, ки даъвогар дар таърихи 16-уми май бо талаби азҷавобгар рӯёнидани беш аз $474 ҳазор муроҷиат кардааст ва ин ҷо гап сари моликияти ба гаравмонда ва баргардонидани қарзи бонк меравад. Дар ҳамин ҳол, корхонаи (ҶСК КМ «Кабоол Тоҷик текстайлз»), ки дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар (асосан занон) кор мекунанд, аз моҳи марти соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондааст ва ба гуфтаи раиси иттифоқи касабаи корхона Мунаввара Аҳмедова корхона аз 19 марти соли равон кор намекунад. «Намояндагони ҳамкори хориҷӣ - корхонаи «Кабоол ЛТД»-и Куриёи Ҷанубӣ, ки 56%-и саҳмияҳоро соҳибанд, он замон эълон доштанд, ки корхона танҳо дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз фаъолият нахоҳад кард, вале ҳамон рӯз онҳо корхонаро тарк карда, дигар барнагаштаанд», - гуфт М.Аҳмедова. «Коргарон то ҳанӯз умедворанд, ки муассиса аз нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард, - гуфт ӯ. – То имрӯз аз кор 12 нафар озод шудаанд ва дигарон аз моҳи март маош намегиранд». Бино ба иттилои роҳбарони корхона, масъалаи мазкур то ҳанӯз норавшан аст. Онҳо мегӯянд, ки ҳамкорони хориҷиашон ба мактубҳо ҳам посух намедиҳанд ва айни замон бино, иншоотҳо ва таҷҳизоти истеҳсолиро кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр посбонӣ мекунанд.
Радио эфир
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иддао доранд, ки соли гузашта ҳаво тозатар шудааст
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад
Ҳамаи мусофирону сарнишинони ҳавопаймо ва чархболе, ки дар Вашингтон ба ҳам бархӯрданд, ба ҳалокат расидаанд
Нигаронии додситони минтақаи Кӯлоб аз афзоиши чашмраси худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар минтақа
Вазир гуфт, дар мактабҳо 281 омӯзгор намерасад ва соҳа ба беш аз 4 ҳазор муаллим эҳтиёҷ дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста