Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Эҳтимол меравад, ки парвандаи ҷиноии қатли хабарнигори рус Илёс Шурпаев аллакай ахири моҳи июн ба додгоҳ пешниҳод гардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҶТ иттилоъ доданд, ҳамаи маводи парвандаи ҷиноӣ аз Русия дастрас шудааст. «Мо дар рӯзҳои наздик омӯзиши пурраи маводҳоро ба анҷом мерасонем. Бо итмоми амалиёти тафтишоти пешакӣ ба гумонбаршудагон Масрур Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов айбномаи ниҳоӣ пешниҳод гардида, парванда ба додгоҳ ирсол карда мешавад», - зикр кард манбаъ ва афзуд, ки эҳтимол парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ахири ҳамин моҳ пешниҳод шавад. Ёдовар мешавем, ки Илёс Шурпаев шаби 21-уми март дар хонаи ба иҷора гирифтааш, дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Маскав кушта шуда буд. Муфаттишони Русия дар содир кардани ин ҷиноят шаҳрвандони Тоҷикистон Масрур Ятимови 25-сола ва Наҷмиддин Муҳиддинови 20-соларо, ки пас аз як рӯзи содир кардани ҷиноят ба ватан баргашта буданд, гумонбар донистанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29 март ба шаҳри Душанбе омада, аз ҳодисаи мазкур ҳамтоҳои тоҷикистонии худро огоҳ сохтанд ва худи ҳамон рӯз гумонбаршудагон дастгир карда шуданд. Ҳамроҳи онҳо бародари Н.Муҳиддинов низ боздошт гардид, вале маълум гардид, ки ӯ ҷиноят содир накардааст ва шоҳиди ҷиноят ҳам набудааст, танҳо милитсияро аз содир намудани ҷиноят огоҳ насохтааст. Тибқи қонунгузории ҶТ, шоҳидӣ накардан ба хешованди наздик ҷиноят ҳисобида намешавад. Зимни кофтуков аз М.Ятимов ва Н.Муҳиддинов далелҳои шайъӣ - соати тиллоӣ, ноутбук, телефонии мобилии хабарнигори кушташуда ва 150 ҳазор рубли русӣ дарёфт гардид. Гумонбаршудагон даст доштани худро дар содир намудани ҷиноят комилан эътироф карданд. Дар таърихи 8-уми апрел Прокуратураи генералии ҶТ ба гумонбаршудагон расман тибқи ду моддаи КҶ ҶТ айбнома эълон кард. М.Ятимов ва Н.Муҳиддинов тибқи моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 249 (роҳзанӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста шудаанд.
Радио эфир
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста