Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ Девонаев С.А., иттилои хабаргузории агентии ИТАР-ТАСС бобати дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Маскав барпо шудани задухӯрди оммавӣ миёни шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.
Аз маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ хабар доданд, ки дар асл чунин воқеа рух додааст: бегоҳии 24-уми июн дар назди хонаи рақами 26, дар шоҳроҳи Волоколамск ду шахсони ношинос ба шаҳрвандони Қазоқистон - хатмкунандагони донишкадаи авиатсионии шаҳри Маскав Когалбоев Г.М. ва Бекмуродов Р.К. бо корд таҳдид намуда, мехоҳанд, аз онҳо сумкаашонро бо дастгоҳи аксбардорӣ, телефони мобилӣ ва чизҳои дигар кашида гиранд, вале ба муқобилияти сахти ҷисмонӣ рӯ ба рӯ гардида, Когалбоевро аз ронаш бо корд захмӣ мекунанд. Онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб заданӣ мешаванд, вале нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ онҳоро дастгир намуда, ба шӯъбаи милитсия меоранд.
Ба Когалбоев дар беморхонаи Склифосовский кӯмаки тиббӣ расонида, ӯро ҷавоб медиҳанд.
Боздоштшудагон Алиев М.А., ки макони зист надорад ва шаҳрванди шаҳри Моздоки Осетияи Шимолӣ-Алания Давидов Ш.М. мебошанд.
Дар шӯъбаи корҳои дохилии Шукино нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста