Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- Шаби гузашта ду нафар маҳбусон хостанд, аз зиндони шаҳри Хуҷанд гурезанд.
Сарчашмаи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод, ки соати 3-у 50 дақиқаи шаб маҳбусон мехостанд, аз панҷараи зиндон гузаранд.
«Ин замон онҳоро посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зад», - зикр кард сарчашма.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати боздошти нафари гурехташуда тамоми чораҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ андешида мешаванд.
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста