Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шимоли Тоҷикистон маҳбусе, ки як ҳафта пеш аз зиндони тартиботи сахт гурехта буд, боздошт гардид. Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шоми рӯзи гузашта кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии зиндон дар яке аз манзилгоҳҳои микрорайони 8-ум гуреза Бахтиёр Баротовро дастгир намуданд. Айни замон нисбат ба амали ӯ тибқи моддаи 365 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Баротов барои содир намудани ҷинояти куштор ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳкум гашта, моҳи июни соли 2005 ба ҳабс гирифта шуда буд. Шаби 1-уми июл ҳамроҳи ӯ боз як маҳбус - шаҳрванди Русия Расим Баширов, ки барои аъзогӣ дар созмони экстремистии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» 19 сол зиндонӣ гашта буд, низ аз маҳбас нияти гурехтан дошт. Маҳбусонро он замон
посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста