Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Имрӯз оғози мубориза бо коррупсия дар сатҳи роҳбарони вазорату муасссисаҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон хоҳад шуд», - мӯътақид аст сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдувоҳид Шамолов. Ӯ ҳамчунин бо масоили марбут ба мубориза бо коррупсия низ машғул аст. Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» ӯ ба суоли он, ки чаро дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия дар сатҳи вазирону роҳбарони муассисаҳо сурат намегираду танҳо ба омӯзгорону табибон ва мансабдорони сатҳи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дахл дорад, чунин посух дод.
А.Шамолов мутмаин аст, ки коррупсия дар байни вазирон низ мавҷуд аст. Ба гуфтаи ӯ, «ҳарчанд давлат рӯз то рӯз пурқувват мегардад, вале маълум нест, ки оғози чунин мубориза чӣ паёмадҳое хоҳад дошт». Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод месозад, ки мубориза бо коррупсия дар сатҳи мақомоти роҳбарӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Тибқи иттилои А.Шамолов, чанде қабл зимни вохӯрӣ бо директори агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ, ӯ пешниҳод кардааст, ки агентии мазкур бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муборизаи муштарак бо коррупсия қарордод ба имзо расонад, то «ҳама дар ин кор масъулият ҳис намоянд».
«Дар тӯли якуним соли фаъолияти агентӣ мо пешравиҳои назаррасеро мушоҳида кардем, бахусус дар масъалаи фурӯши ғайриқонунии заминҳо, - таъкид сохт А.Шамолов. - Вале норасоии механизми ягонаи мубориза бо ришвахорӣ ҳис карда мешавад».
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2025
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста