Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Баррасии парвандаи ҷиноии гумонбаршудагони қатли рӯзноманигори шабакаи телевизиони Русия, ки имрӯз дар Додгоҳи Олӣ оғоз гардида буд, бо дархости ҳимоятгарон ба санаи 22-уми июл мавқуф гузошта шуд.
Ҳимоятгарони айбдоршудагон Наим Бердиев ва Одил Ёрбеков ин дархостро чунин шарҳ доданд, ки маводи парвандаи ҷиноӣ аз чаҳор ҷилд (беш аз 300 саҳифа) иборат буда, онҳо фурсат пайдо накардаанд, ки бо он шинос шаванд. «Ман танҳо ҳамин рӯз ба ҳимоят пардохтам, - гуфт О.Ёрбеков дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс». - Дар парванда баъзе ҷузъиёти хос ҷой доранд, ки омӯзиши дақиқи онҳо зарур аст, то аз ҷиҳати ҳуқуқӣ хулосаи дуруст бароварда шавад.
«Гап сари он аст, ки дар ҷараёни тфтиш Ятимов қисман ба гуноҳаш иқрор шудааст, аммо Муҳиддинов дар ягон ҳодиса худро гунаҳкор намеҳисобад, - идома дод ҳимоятгар. - Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки мурофиа кашол хоҳад ёфт».
Айбдоршудагон дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 249 (ғоратгарӣ) ва 255 қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (барқасдона нест кардан ва зарар расонидан ба амвол) гумонбар дониста мешаванд.
Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.
Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.
Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ - 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста