Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев гумонбар дониста мешаванд, шурӯъ мегардад.
Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳӣ кушод буда, бо иҷозати раисикунанда рӯзноманигорон метавонанд дар он иштирок кунанд. «Мурофиаи додгоҳӣ бо забонҳои русиву тоҷикӣ сурат мегирад, зеро маводи асосии таҳқиқоти ҷиноят аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия бо забони русӣ таҳия шудааст, - изҳор дошт сарчашма. - Ҳамзамон ду нафар айбдоршудагони қатли рӯзноманигори рус Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмиддин Муҳиддинови 20-сола муддати тӯлони дар Русия ба сар бурдаанд ва забони русиро хуб медонанд». Аз Додгоҳ инчунин итттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар мурофиа бародари рӯзноманигори фавтида низ даъват карда шудааст, вале алҳол маълум нест, ки ӯ меояд ё на.
Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ - 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дузд
ӣ
дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши ориф аз кашиш”
Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2025
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста