Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ёвари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Шафоатов изҳор дошт, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба фаъолияти ҷараёни мазҳабии салафия роҳ надиҳанд, зеро он рӯз то рӯз густариш ёфта, минбаъд
метавонад аз ҷониби нерӯҳои ифротгаро истифода гардад ва ба амну суботи кишвар хатар эҷод намояд.
«Салафиён тарзи хоси эътиқод ба дину мазҳаб ва ҳаётро талқин месозанд ва то ҳол ба ҳеҷ амали ғайриқонуние даст назадаанд, - гуфт ӯ. - Аз нуқтаи назари маънавият ва ахлоқ ин ҷараён мӯҷиби хатар ба амнияти кишвар шуда метавонад, зеро имрӯзҳо аксари ҷавонон ба он пайваст мешаванд».
Мавсуф зикр кард, ки айни замон Шӯрои ҳамоҳангсози назди Додситонии кулл фаъолияти ин ҷараёнро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст.
Дар нишасти матбуотии ахир додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов чунин изҳори ақида намуд, ки «агар даст доштани салафиҳо дар фаъолияти зиддиконститутсионӣ собит гардад», додситонӣ ҷиҳати манъи фаъолияти он ва ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро дохил кардани ин ҷараён ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат хоҳад кард.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 ҳазор нафар тоҷикистониён шомили ин ҷараёнанд, ки роҳбарии онро Муҳаммади Раҳматулло ба дӯш дорад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста