Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» - Прокуратураи ноҳияи Фархор дар пайи сан ҷ ишҳои навбатӣ чандин мавриди истифодаи ғайримақсади заминро ошкор кардааст.

Ба иттилои прокуратураи ин ноҳия нисбат ба қарорҳои раисони ҷамоатҳои деҳоти «Деҳқонариқ», «Комсомол», «Зафар», 30 қарори ҷамоати шаҳраки Фархор, 9 қарори ҷамоати деҳоти Фархор ва ҳамзамон як қарори раиси ноҳия эътироз оварда шудааст. Дар маҷмӯъ, прокурори Фархор дар робита ба 241 қарор, ки дар натиҷа замин нодуруст истифода шудааст, эътирози худро баён кардааст.

Дар прокуратураи ноҳия ҳамчунин гуфтанд, ки нисбат ба нодуруст истифода   шудани роҳҳо ва дар сари ҷодаҳо сохтани биноҳои гуногун низ эътироз оварда шудааст.