Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сокини ноҳияи Конибодом ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтани ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад.
Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар таърихи 7-уми августи соли равон Ғуфрон Баротови 33-сола ба деҳаи Работи ноҳияи Конибодом меояд ва дар он ҷо ба ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон Хурсандалӣ Шерматови 37-сола ва Баҳодур Ботирови 30-сола дучор меояд. «Ӯ онҳоро ба дуздии телефонии мобилиаш гунаҳкор сохта, бо зӯрӣ вориди мошин мекунад ва ба хонааш, ба шаҳри Чкаловск мебарад, - изҳор дошт манбаъ. - Сипас онҳоро бо ресмон баста, дар мурғхона қулф мекунад ва аз хешовандони боздоштшудагон барои озодии онҳо 2 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ талаб менамояд».
Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ гаравгонон озод карда шуда, Ғ.Баротов ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста