Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон Ҳабибулло валади Ҳусейнро боздошт намуданд, ки зимни кофтуков аз ӯ ҳудуди 7 кило маводи сахттаъсир
ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба даст доштан дар ин ҳодиса шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон низ боздошт шудааст. Феълан гурӯҳи тафтишотӣ аз пайи муайян кардани шахсони дигари дастдошта дар ин ҷиноят машғул аст.
Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин далел тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста