Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар чаҳорчӯбаи Барномаи мубориза алайҳи терроризм ба раёсати ташхиси ҷиноёти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти махсуси ҷамъоварӣ ва ташхиси далелҳо дар ҷои ҳодиса тақдим намуд.

Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бурси мазкур дар доираи татбиқи барномаи байниҳукуматии ИМА ва Тоҷикистон оид ба таҷдиди фаъолияти ин сохтори вазорат ва ҷамъовариву таҳлили далелҳои ҷиноят амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи расмии Раёсати ташхиси ҷиноёти вазорат, ки аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи сафорати ИМА таъмиру таҷдид гардида, ба маблағи беш аз 1 млн. доллари амрикоӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда буд, 25-уми июл баргузор гашт.