Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Аз Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сабабҳо ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бозори «Корвон», ки шаби 13-уми август рух дод, то ҳол муайян карда нашудаанд.
«Мутахассисони раёсат дар ин самт корҳои мушаххасеро анҷом доданд, вале мутаасифона, то ҳол ба натиҷаи муайяне нарасидаанд», - изҳор дошт манбаъ.
«Аксари зарардидагон аз ҳамкорӣ бо мақомот саркашӣ мекунанд», - таъкид сохт сарчашма ва афзуд, ки сабабҳои сар задани сӯхтор рӯзҳои наздик муайян хоҳанд шуд, зеро тафтишоти қазияи мазкур таҳти назорати Вазорати умури дохилии кишвар қарор дорад ва соҳибкорони зарадида низ хоҳони ҳарчи зудтар ошкор сохтани сабаҳои сӯхтор мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки тақрибан соатҳои 1-и шаби 13-уми августи соли равон дар макони савдои тоҷирони яклухтфурӯши бозор сӯхтор сар зад. Баъди чанд дақиқа якчанд гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати як соат оташро хомӯш карданд. Майдони сӯхтор 2 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил дод. Касе осеб надид. Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон мегӯянд, ки сӯхтор 60 нуқтаи фурӯш ва 2 ҷойгоҳи калони фурӯшгоҳро (ангар) нобуд кардааст.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста