Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппин Гарсиа Ҷон Гардовси, ки ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, ҷараён дорад.
Дар сӯҳбат ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиа додрас Савриддин Тошев изҳор дошт, ки шаҳрванди хориҷӣ ба ҷурми кӯшиши интиқоли 3 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Туркия гумонбар дониста шуда, ба ӯ тибқи моддаҳои 200, к.4, 32, қ.3 ва 289, қ.2 айбнома эълом шудааст.
Ба гуфтаи додрас, гумрукчиёни фурудгоҳ дар ҳамдастӣ бо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд. Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди Филиппин ҳангоми азназаргузаронии бағочи мусофирони ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истанбул боздошт гардидааст.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста