Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» - Тайи ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 928 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 дарсад камтар аст.
Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, ҳарчанд тамоюли умумии коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар вилотяи Хатлон (7 дарсад) ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида расидааст.
Сардори маркази таҳлилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, подполковники милиса Рамазон Рамазонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, қабл аз ҳама, ба баргузории чорабиниҳои муассири пешгирӣ вобаста аст. «Мо ҳамеша шахсони пеш доғи судӣ дошта, ҳуҷҷатҳои будубоши онҳо, кӯдакони бесаробон ва шахсони бехонаву чизро зери назорат мегирем», - гуфт ӯ.
Мавсуф зикр кард, ки тайи ин муддат ҷиноятҳои вазнин 5,6 дарсад ё худ 99 ҳодиса ва ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиргардида аз 457 ҳодисаи соли гузашта то 289 ҳодиса камтар шудаанд.
Мувофиқи маълумоти Р.Рамазонов, соли равон сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 81,2 дарсадро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 дарсад бештар аст.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста