Се шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хонум Гарсиа Чона Гардоуси, як табаъаи Филипинро, ки қасд доштааст ҳудуди се кило ҳероинро ба кишвари худ интиқол бидиҳад, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ба гуфтаи Савриддин Тошев, қозии ин додгоҳ, хонум Гардоуси дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қабл аз парвоз ба шаҳри Истонбули Туркия аз сӯйи маъмурони гумруки Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Муҳокимаи додгоҳӣ собит карда, ки хонум Гардоуси аз қабл бо як табаъаи афғон дар мавриди харидории ҳудуди се кило ҳероин тавофуқ карда ва қасд доштааст бо истифода аз ин масири парвоз ба кишвараш маводди мухаддир ворид кунад.
Савриддин Тошев афзуд, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин барои бори нахуст як табаъаи Африқои Ҷанубиро ба иттиҳоми мушобеҳ ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.
Исми ин шаҳрванди Африкои Ҷанубӣ Макомгоза Азвинддин Флора буда ва ӯ низ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе зимни талош барои қочоқи ҳудуди шаш кило ҳероин аз сӯйи маъмурони гумрук боздошт шудааст.
Ба гуфтаи оқои Тошев, ин табаъаи Африкои Ҷанубӣ қасд доштааст бо истифода аз хатти сайри Душанбе-Истонбул ба Йоханнесбург, пойтахти он кишвар, маводди мухаддир ворид кунад.
Муҳокимаи додгоҳӣ собит кардааст, ки ин ду шаҳрванди Филлипин ва Африкои Ҷанубӣ аз Хонзода валади Бутхок, як табаъайи Афғонистон, ки дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад, маводди мухаддир дарёфт кардаанд.
Додгоҳ оқои Бутхокро ба ҷурми қочоқ ва нигаҳдории маводди мухаддир ба 16,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар як моҳи ахир ин чаҳорумин мавриди муҷозоти атбоъи хориҷӣ барои иртикоби қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар аст.
Дар авохири моҳи гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хонум Матоу Агнес, табаъаи Угандаро ба хотири қочоқи беш аз 29 кило ҳероин барои 19 сол равонаи зиндон карда буд.
Коршиносон бо ишора ба ин, ки дар ин авохир мавориди даст доштани атбоъи хориҷӣ дар қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар афзоиш ёфтааст, мегӯянд, ки дастрасӣ ба суди ҳангуфт қочоқчиёни маводди мухаддир аз хориҷи Тоҷикистонро низ ба ин шуғл водор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, Тоҷикистон танҳо бо маъдуд кишварҳое дар мавриди истирдод ё табодули зиндониён созишнома имзо кардааст ва Филипин, Африкои Ҷанубӣ ва Уганда дар ин феҳрист шомил нестанд.
Ба ин далел, атбоъи ин кишварҳо, ки дар Тоҷикистон муҷозот мешаванд, бояд мӯҳлати ҳукми худро дар зиндонҳои ин кишвар анҷом диҳанд.
Вале маъмулан, ба гуфтаи соҳибназарон, баъд аз адои чанд соли аввали ҷазо, атбоъи хориҷӣ тибқи қонуни афв аз зиндон озод ва ба ватани худ мустарад мешаванд.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста